Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 22 январи соли 1993, Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Италия «Cassa Depositi е Prestiti» оид ба лоиҳаи «Сохтмони НБО Роғун», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ғанизода Шуҳрат, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Набизода Тоҳир, аъзои Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудзода Аҳмад ва Муродуллозода Дилноза, инчунин, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон шарҳу тавзеҳ намуданд.