Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 10 декабри соли 2010, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ аз 15 сентябри соли 2015 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷон, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шодизода Парвиз, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Икромӣ Фазлиддин ва узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ализода Зафар шарҳу тавзеҳ намуданд.