26. 01.26 Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермухаммад Шоҳиён дар ҷаласаи 16 - уми Пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн иштирок ва суханронӣ намуд.
Шермухаммад Шоҳиён зикр намуд, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ва рушди ҳамкориҳоро дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё муҳим мешуморад.
Имрӯз, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун ба арзишҳои умумибашарӣ рӯ ба рӯ мебошад, гуфтугӯи созанда байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо беш аз ҳар вақти дигар мубрам аст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ халқҳои Осиё тавонистаанд сулҳ, ҳамкорӣ ва пешрафтро таъмин намоянд. Парламентҳои кишварҳои Осиё метавонанд заминаҳои устувори таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоиштаро фароҳам оваранд.
Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки дар роҳи таҳкими гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва байнитамаддунӣ як қатор мушкилот мавҷуданд. Аз ҷумла паҳншавии ғояҳои ифротгароёна, суиистифода аз эътиқоди динӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ, кофӣ набудани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, таъсири манфии баъзе равандҳои иттилоотӣ, ки метавонанд монеаи рушди муколамаи созанда гарданд. Бинобар ин, аз нигоҳи мо, тадбирҳои оянда барои бартарфсозии онҳо бояд самтҳои зеринро дар бар гиранд:
Нахуст, тақвияти нақши қонунгузорӣ дар пешгирии ифротгароӣ, таблиғи фарҳанги сулҳ ва эҳтироми гуногунандешӣ. Қонунҳо на танҳо барои муҷозот истифода шаванд, балки характери тарбиявӣ ва пешгирикунанда дошта бошанд.
Дуюм, бо густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Ассамблеяи парламентии Осиё метавонад ба як минбари доимии табодули афкор ва ташаббусҳо дар соҳаи гуфтугӯи тамаддунҳо табдил ёбад.
Сеюм, ҷалби ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ ба ин раванд. Бидуни иштироки фаъоли насли ҷавон гуфтугӯи байнифарҳангӣ наметавонад устувор ва дарозмуддат бошад.
Чорум, истифодаи технологияҳои рақамӣ барои густариши муколамаи фарҳангӣ. Технологияи рақамӣ метавонад ба василаи муассири наздиксозии мардум, хусусан ҷавонон, табдил ёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои таҷрибаи ғании ҳамзистии фарҳангҳо ва динҳо, ба таҳкими гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва байнитамаддунӣ аҳаммияти махсус медиҳад.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва байнитамаддунӣ на танҳо як арзиши маънавӣ, балки шарти муҳимми амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор мебошад.
Таҷрибаи таърихии минтақаи мо собит месозад, ки ҳамзистии фарҳангҳо ва тамаддунҳо ҳамеша омили пешрафт ва субот будааст.
Қабули қонунҳо ва барномаҳои миллӣ, ки ба ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ, озодии эътиқод, мубориза бо ифротгароӣ ва табъиз равона шудаанд, метавонад муҳити мусоиди ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеаҳо таъмин намояд.
Дар баробари ин дипломатияи парламентиро метавон яке аз имкониятҳои асосӣ дар ин самт донист. Мулоқотҳои байнипарламентӣ, мубодилаи таҷриба, ташкили форумҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ имконият медиҳанд, ки ҳатто дар шароити мушкилоти сиёсӣ гуфтугӯ ва эътимод ҳифз гарданд.
Мероси ғании маънавии халқҳои осиёӣ, арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммул ва эҳтиром ба дигарон метавонанд ба як пули табиии гуфтугӯи тамаддунҳо табдил ёбанд.
Тоҷикистон пайваста масъалаҳои марбут ба сулҳ, амният ва рушди устуворро дар сатҳи СММ ва дигар минбарҳои байналмилалӣ матраҳ менамояд.
Дар анҷом мехоҳам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро бо Ассамблеяи парламентии Осиё ва парламентҳои кишварҳои узв дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн густариши бештар диҳад.
Бовар дорем, ки натиҷаҳои Иҷлосияи 16‑уми умумии Ассамблеяи парламентии Осиё ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ, пешбурди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор дар қитъаи Осиё ва дар ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард, - изҳор намуд Шермухаммад Шоҳиён.