Дар ҳошияи ҷаласаи шонздаҳуми Пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермухаммад Шоҳиён бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ризо Маҷидӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуда, ҳамчунин роҳҳо ва воситаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентиро дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни музокирот аҳаммияти мусоидат ба муколамаи байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо, инчунин тақвияти ҳамоҳангсозӣ миёни парламентҳои давлатҳои узви Ассамблеяи парламентии Осиё бо мақсади рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ таъкид гардид.