24.01.26 Имрӯз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён даъвати Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидиро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи Шурои иҷроия ва иҷлосияи 16- уми умумии Ассамблеяи парламентии Осиё ба шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн сафар намуданд.
Дар ин сафар муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагонро узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Миршакар Ҷалолзода ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷабор Сатторзода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар назар аст, ки таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор бигиранд.