Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Ориф маҷлиси комиссияи экологӣ доир ба «Аҳаммияти дарҷи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2026» баргузор шуд. Гуфта шуд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Пазируфтани ин ва дигар ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳон аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар маҷлис, инчунин, гузориши муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Фазлиддин оид ба рафти омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи: «Ҳифзи пиряхҳо-омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» шунида шуд.