Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд. Файзалӣ Идизода дар оғози мулоқот қайд намуд, ки ҳарчанд суҳбати мо дар ҳошияи ба итмом расидани рисолати дипломатии Шумо ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, боварӣ дорем, ки ин мулоқоти охирон набуда, дар оянда барои густариши ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон зарур арзёбӣ мегардад.
Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон соли 1992 барқарор шуда, давоми 34 сол бо ташаббуси роҳбарияти олии кишварҳоямон аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи шарикии стратегӣ расиданд, ки боиси қаноатмандӣ аст.
Ф. Идизода зикр намуд, ки ин робитаҳо аз пайвандҳои маънавию фарҳангӣ ва таърихии ду мардуми дӯст, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон маншаъ мегиранд.
Муносибатҳои стратегӣ миёни ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта, барои пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ мусоидат менамоянд.
Таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мудофиа ва амният, иқтисодиёт, энергетика, сармоягузорӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни тарафҳо назаррас аст.
Маҷлиси намояндагон хоҳони густариши устувори ҳамкориҳо бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад.
Муколамаҳои доимӣ, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ муҳим арзёбӣ гардид.