Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Чжизюнро ба ҳузур пазируфт. Ф. Идизода нахуст ҷаноби Го Чжизюнро ба муносибати ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш барору муваффақият орзу намуд.
Гуфта шуд, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳоямон (соли 1992) равобити дуҷониба ба марҳилаи нав баромада, аз сатҳи муносибатҳои муқаррарӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқчигӣ расидааст. Рушди муносибатҳои байни кишварҳои мо бар пояи зиёда аз дусаду панҷоҳ санади байналмилалии дуҷониба асос ёфта, самаранокии талошҳои дипломатии ҷонибҳоро исбот менамояд.
Ф. Идизода қайд намуд, ки муваффақиятҳои бадастомада дар муносибатҳои дуҷонибаи мо пеш аз ҳама ба шарофати муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин амалӣ гардидаанд.
Муколамаи доимӣ ва устувори байнипарламентӣ оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ бо мақсади таҳкими сулҳ, амният ва субот дар доираи фаъолияти СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Мо фаъолияти самарабахш ва натиҷабахши ба роҳ мондани ҳамкории байнипарламентиро, ки соли 2005 оғоз ёфта буд, мусбат арзёбӣ менамоем.
Зикр шуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои савдо, гуманитарӣ, фарҳангӣ, маориф, мудофиа, амният ва мубодилаи таҷриба дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Бояд зикр кард, ки пешрафти муносибатҳои стратегии мо аз фаъолияти парламентҳои ҳар ду кишвар, густариши робитаҳо ва тасдиқи санадҳои байналмилалӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина, Маҷлиси намояндагон саҳми худро дар таъмини рушди ҳамкориҳои дуҷониба мегузорад.
Маҷлиси намояндагон минбаъд низ барои таҳкими шарикии стратегӣ ва дӯстии кишварҳоямон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Мо ҳамбастагии худро дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ дар доираи механизмҳои байналмилалии парламентӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарламентӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ иброз медорем, - гуфт дар фарҷом Ф. Идизода.