09.01.26 Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамоиши сиёсӣ - маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавсума Муинӣ аҳаммияти Паёми Пешвои миллатро дар рушди давлатдорӣ, таҳкими қонунгузорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ қайд намуда, нақши мақомоти қонунгузорӣ ва ҷомеаро дар иҷрои дастуру супоришҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву экологӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Паёми имсола бо зикри рўйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуд. Президенти кишвар нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд.
Ҳамчунин, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, дар пойтахти мамлакат баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯйдодҳои дигари муҳимми сол арзёбӣ шуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон З.Қиёмзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву барномавӣ шарҳ дода, доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист ба ҳозирин маълумот манзур намуд.