30.12.2025 Имрӯз бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳумҳурӣ”, ки рӯзи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Тоҳир бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Набизода Тоҳир қайд намуд, ки имзои шартнома миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дастоварди муҳимтарини дипломатияи тоҷик дар соли 2025 аст.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимтарини кишвари мо ба шумор меравад. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд, бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Дар Паёми Пешвои миллат ба рушди инноватсия, иқтисоди сабз, технологияҳои иттилоотӣ ва афзалиятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар назди мутахассисон вазифа гузошта шуд, ки раванди идоракунии давлатӣ бо истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ роҳандозӣ карда шавад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар назди масъулин ва кормандони соҳаи маориф вазифа мегузорад, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот чораҷӯйӣ намоянд.