Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Мунаввар бо сокинони ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Абдусаломзода Мунаввар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла иброз намуд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хеле зиёд буда, нисбати ин соҳаҳо ҳамасола ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо ба сокинони мамлакат мебошад, ки ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақапулиҳо зиёд карда мешавад.
Инчунин, вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати халқу миллат ва оид ба сазовор ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намуддани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба вакил бо саволу дархостҳо муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.