Имрӯз вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Файзалӣ Идизода ба ҳозирин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16.12.2025 шарҳу тавзеҳ намуд. Гуфта шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ, рақамикунонии иқтисод, таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дақиқназарона таҳлил шудаанд.
Президенти кишвар соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Баъд аз анҷоми вохўрӣ бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қушунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2015, № 369 тасдиқ шудааст, боздиди дастҷамъонаи ҳайати афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Парламенти кишвар, залу дафтарҳои кории вакилону кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба амал оварда шуд.
Ҳайати афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарҳ, залу дафтарҳои кории барҳаво ва нақшу нигори бинои Парламент таасуроти нек бардоштанд.