Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Неъматулло вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолон, собиқадорон, занону бонувон ва ҷавонон мулоқот орост.
Қайд гардид, ки соли 2025 барои мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол як соли пур аз дастоварду комёбиҳо, соли тасвиби аҳду паймон ва дӯстии абадии ҳамсоякишварҳо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, соли ҷаҳду талошҳо баҳри гулгулшукуфию ободонии Ватан, истиқбол аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш изҳор доштанд: Дар ин соли пур аз дастоварду муваффақиятҳо дар ҳама самтҳои давлатдорӣ ҳамзамон, дар кишварамон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Роҳбари давлат аз самараи 10 соли тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду такомули иқтисодӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои миллии рушд, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст, ёдовар гардиданд.
Дар ин муддат баҳри таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст.
Дар фарҷоми мулоқот вакили мардумӣ Иброҳимзода Неъматулло ба пешниҳоду дархост ва саволҳои интихобкунандагон посух гуфт.