Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Матробиён Саодатшо бо сокинони ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба саҳми сокинон расонид. Матробиён Саодатшо аз рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар, эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид то вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар, вазъи сиёсӣ геополтикии ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз хурофотпарастию тақлидкорӣ аз фараҳнги ба мо бегона, ватандӯстию арҷгузорӣ ба мероси пурарзиши ниёгонамон, азхудкунии донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, солимии аҳолӣ, захираи маводи ғизоии дусола ва дигар нуқтаҳои муҳимми Паёмро шарҳ дод.
Сокинони ноҳия баромад намуда аз баргузории чунин вохӯрии судманду таъсирбахш изҳори миннатдорӣ баён дошта, қайд намуданд, ки бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо сабақ ва руҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, вусъати корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат мебандем.
Иштирокдорони вохўрӣ ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.