Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сокинони ноҳияи Нуробод доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мулоқот намуд.
Ф. Идизода зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян намуда, барои таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меорад. Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои калидии давлатдорӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ, рақамикунонии иқтисод, таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дақиқназарона таҳлил шудаанд.
Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Президенти кишвар соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасон, занону бонувон, амнияту субот, пешгирии терроризм, бегонапапарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрам, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардидаанд, шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон бо изҳори сипос аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дархосту таклифҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал гирифтанд.