Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин бо кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун ва сокинони ноҳияи Шаҳринав доир ба Паёми Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, мулоқот намуд.
Имрӯз вохӯрӣ бо фаъолону роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои ҷамоавӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва вакилони ноҳияи Шаҳринав доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шудаст, ки дар вохӯрӣ аз ҷониби вакил шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳияи Шаҳринав дар атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.