Дар ноҳияи Сино Имомзода Нилуфар - муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо ҷавонон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16.12.25 мулоқот орост.
Имомзода Нилуфар зикр намуд, ки Паём раҳнамои рушди кишвар буда, дар он вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа таҳлил шуда, самтҳои пешбурди он бо назардошти имконияту захираҳо муайян карда шуданд. Ҳамчунин, дар Паём ба таъмини рушди саноат, энергетика кишоварзӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, изҳор гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақагирон, таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа андешидани тадбирҳои муҳим пешбинӣ шудааст.
Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сартосарии кишвар, роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат омодагии хешро дар татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон бармеоянд, изҳор дошта, ба саволу дархостҳояшон ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.