Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидӣ Дилафрӯз бо роҳбарият, табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳа ва татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Саидӣ Дилафрӯз оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нақши муҳимми табибон дар таъмини солимии ҷомеа ибрози назар намуд.
Дар анҷоми мулоқот иштирокчиён ба вакили мардуми дархосту саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.