Мулоқотҳо бо табибон дар толори МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ" ва дар гимназияи №1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо фаъолону аҳли маорифи шаҳр бо иштироки Мавсума Муинӣ - муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғулом Ҳалимзода – узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд.
Мавсума Муинӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуд, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.
Ғулом Ҳалимзода низ дар вохӯрӣ баромад карда аз ҷумла афзуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 — 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
Дар анҷоми вохўрӣ интихобкунандагон ба вакилони мардумӣ саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.