Мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ба интихобкунандагон дар шаҳри Исфара Ҷавҳарӣ Муҷибахон – Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Бобоиён Мадина – узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният шарҳу тавзеҳ намуданд.
Ҷавҳарӣ Муҷибахон иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Дар Паём ба масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноатикунонии босуръат ва рақамикунонии иқтисод таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок буда, татбиқи онҳо саҳми фаъолонаи ҳар як шаҳрванди кишварро талаб менамояд.
Бобоиён Мадина дар баромади худ ба сиёсати иҷтимоии давлат, дастгирии қишрҳои ниёзманд, рушди неруи инсонӣ ва нақши ҷавонону занон дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Паёми Сарвари давлат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти махсус дода шудааст.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат ҷавононро неруи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифат, ҷойи кори доимӣ ва рушди қобилиятҳои онҳоро аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ медонанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакилони мардумӣ таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.