Имрӯз муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз бо сокинони Ҷамоати деҳоти Аличор, Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ. Бердибоев ва шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ намуд.
Гиёзода Азиз доир ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Парлумони мамлакат ироа гардид, қайд намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, имрӯз ба давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ хатари аз байн рафтани давлати Тоҷикон ба миён омад. Бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тамаддунофари тоҷик на танҳо истиқлолияту ваҳдати миллиро ба даст оварду мустаҳкам намуд, балки ба дастовардҳои назаррас ноил гашта дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори хосса пайдо намуд.
Қайд карда шуд, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, бо бунёд гардидани иншоотҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба яке аз ноҳияҳои тараққикардаи ҷумҳурӣ табдил ёфта истодааст.
Интихобкунандагон бо дархосту муроҷиатҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.