Имрўз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сокинони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мулоқот намуд.
Ф. Идизода зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарогири тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар буда, дар он фаъолияти ҳамаи сохтору ниҳодҳо, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди таҳлили дақиқ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас муайян гардиданд.
Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳиммаш боз як соли таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дигар рӯйдоди таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Ф. Идизода, инчунин, дар бораи ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа, муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ, аз 1-уми сентябри соли 2026 зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони соҳаи илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар соҳаҳо ба интихобкунандагон маълумот манзур намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба дархосту муроҷиатҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.