Имрӯз вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамшерзода Комилҷон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим, маърифати ҳуқуқӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисодии кишвар андешарониҳо сурат гирифтанд.
Зикр гардид, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фарҳанги сиёсии аҳолӣ мавқеи ниҳоят арзишманд доранд, зеро мардум ҳам ба дастовардҳо ва ҳам ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар шинос мешаванд.
Таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ эълон гардидааст ва ҳар як фарди ҷомеа барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳибифарҳанг будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Дар анҷоми мулоқот вакили мардумӣ Шамшерзода Комилҷон ба дархосту пешниҳод ва саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои саҳеҳ дод.