Имрӯз дар толори МДТ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки Шоҳмурод Рустам - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Аҳмадзода Дилноза - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси қумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи суханрониҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин, оид ба дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва бедор сохтани ҳиси масъулиятшиносиву хештаншиносӣ дар замири онҳо, пос доштани Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва амсоли ин масъалаҳои муҳим ибрози назар гардид.
Дар фарҷом, дар бораи одоби шаҳрнишинӣ, дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар бораи эълон гардидани “Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва моҳияти он, инчунин дигар нуктаҳои Паём мавриди изҳори назар намуданд.