Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Ғулом Ҳалимзода рӯзи 24 декабри соли равон дар толори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати омӯзгорону донишҷўён ва сокинони маҳаллаҳои Бофанда ва Тути калони ш. Хуҷанд мулоқот баргузор намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакил аз ҳавзаи интихоботиии Хуҷанд, №13 Мавсума Муинӣ зимни суханронии худ доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд. Сарвари давлат дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номиданд.
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд. Гуфта шуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули Қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали Қадим ва Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”.
Дар ҷараёни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода баромад карда, хотирнишон намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шавад.