Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоии ҷумҳуриямон вохӯриву мулоқотҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ доир гардида истодааст.
23 декабри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳаммадулло бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Варзоб – Қалъа, Чорбоғ, Лучоб ва ба номи С. Айнӣ вохӯрӣ намуд.
Шерализода Муҳаммадулло роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлат ёдрас намуд, ки мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки «Боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».
Дар фарҷоми ҷаласа вакили мардумӣ Шерализода Муҳаммадулло ба саволу дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои саҳеҳ дод.