Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Фирдавс ва Ҳусния Исҳоқӣ мулоқот бо фаъолон ва интихобкунандагон баргузор гашт.
Ҷаласаро Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло ифтитоҳ намуд. Дар толор дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Вакилон ба навбат суханронӣ намуда, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ибрози андеша намуда, вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ёдовар шуданд.
Дар фарҷом саволу дархост ва пешниҳодҳои ҳозирин шунида шуда аз ҷониби вакилон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки суҳбату мулоқоту вохӯрии вакилон бо аҳолӣ идома дорад.