Мутобиқи бандҳои 284 ва 285 дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2025, № 506 аз 23 декабри соли 2025 то 3 январи соли 2026 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
Давоми беш аз 10 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад намуда, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст суханронӣ менамоянд. Инчунин, вазъи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури нтихобкунандагони кишвар қарор мегирад.
Вакилони мардумӣ дар ҳар як нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархостҳои интихобкунандагон посух мегӯянд.