Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдусаломзода Мунаввар дар вохӯрии сеюми Раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки рӯзҳои 15-17 декабр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар мавзуи «Нақши Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун муҳаррики ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа» баромад намуд.
Абдусаломзода Мунаввар зикр намуд, ки имрўз ҳамгироии рақамӣ на танҳо як равандҳои технологӣ, балки муҳаррики иқтисодӣ мебошад, ки имкониятҳои навро барои ҳамкорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди устувор фароҳам меорад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамиро ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Вазифаи асосии мо ташкили чунин заминаи меъёриву ҳуқуқист, ки барои ташаккули платформаҳои умумии рақамӣ, ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва рушди хизматрасониҳои рақамии фаромарзӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Имрӯз дар Тоҷикистон қарорҳо ва механизмҳое фаъолона ҷорӣ мегарданд, ки ба мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ имкон медиҳанд ба ҳуҷҷатҳои рақамӣ гузаранд.
Бовар дорам, ки рушди устувори рақамӣ бе ҳамкории зич байни парлумонҳои кишварҳои минтақа ғайриимкон аст. Маҳз дар сатҳи мақомоти қонунгузор мо метавонем стандартҳои ягонаи рақамиро дастгирӣ намоем, эътимодро ба муҳити рақамӣ тақвият бахшем.
Тақвияти муколамаи байнипарлумонӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии авлавиятҳои стратегӣ роҳро ба сӯи ташкили фазои пурраи рақамии минтақавӣ мекушояд, ки метавонад ба ангезандаи қавии ҳамкории иқтисодӣ ва шукуфоии кишварҳои мо табдил ёбад.
Ин имконият барои баланд бардоштани самаранокии иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва таъмини рушди устувор мебошад.