Рӯзҳои 15-17 декабр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии сеюми Раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар мавзуи «Ҳамкорӣ ба хотири шаъну шарафи инсон, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид, ки дар он Гиёзода Азиз - муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин сафар Гиёзода Азизро узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдусаломзода Мунаввар ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Аҳмадзода Бахтиёр ҳамроҳӣ намуданд.
Гиёзода Азиз зикр намуд, ки вохӯриҳои раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея намунаи равшани дипломатияи самараноки парламентӣ буда, ба наздикшавии мавқеъҳо, мубодилаи таҷрибаҳо ва ташаккули рӯзномаи муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии худ пайваста рӯзномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ пеш мебарад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» эълон гардида, яке аз иқдомҳои муҳимми глобалии роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус ба истифодаи оқилонаи об ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудааст.
Ҳамкории байнипарламентӣ дар ин самт ба кишварҳо имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои худро дар мубориза бо табъиз, такмили сиёсати муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, занон, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ мубодила намоянд.
Ҷаҳони муосир истифодаи фаъоли механизмҳои дипломатияи парламентиро ҳамчун замимаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ тақозо менамояд. Парламентҳо дорои иқтидори нодир барои таҳкими эътимод, пешбурди муколама ва ҳамоҳангсозии стратегияҳои дарозмуддати рушд мебошанд. Итминон дорам, ки натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи мо саҳми арзандае дар таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, пешбурди арзишҳои шаъну шарафи инсон, адолати иҷтимоӣ ва масъулияти экологӣ хоҳанд гузошт,- гуфт дар фарҷом Гиёзода Азиз.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Эъломияи муштарак қабул гардид.