16.12.25 Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ, ки ба ҷаласаи якҷоя даъват шуда буданд, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳасанзода Гулнора Кенҷа», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шералӣ Мирзо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Завқизода Завқӣ Амин», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холмаҳмадзода Солеҳа», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ» тасдиқ шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Инчунин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шунида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ фаъолияти Ҳукумати мамлакат, мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба таври дақиқу ҳамаҷониба таҳлил ва хулосабарорӣ намуданд.
Дар таъмини пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ, мову шумо - аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд тавассути таҳия ва қабули қонунҳои мукаммалу босифат пайваста саҳмгузор бошем.