Вакили Маҷлиси намояндагон Аюбӣ Бибиосия дар ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба адолат барои ҳамаи занон ва духтарон дар Осиёи Марказӣ: таҳкими чорчӯбаҳои ҳуқуқӣ ва тадбирҳои институтсионалӣ дар остонаи сессияи 70- уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ», ки аз ҷониби сохтори Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 декабри соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 иштирокчии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад.
Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5 мавқеи устувори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масоили таъмини баробарии гендерӣ нишон медиҳад.
Аюбӣ Бибиосия доир ба асосҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар Тоҷикистон, инъикоси ҳуқуқҳои занон дар қонунгузории кишвар, моҳияти меъёрҳо ва механизмҳои татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» иштироки васеи занон дар кори мақоми қонунгузори кишвар ахбор манзур намуд.
Таъкид гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, дар ин самт мақоми қонунгузор, Ҳукумат, сохторҳои масъул ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамоҳангӣ фаъолият менамоянд.