Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар оғози иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо андуҳу дард зикр намуд, ки доир ба фавти вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шодиён Муҳаммад Султонзода ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ворид гардида, мутобиқи тартиби муайяннамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон мавриди корбарӣ қарор дода шудааст. Масъалаҳо Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Шодиён Муҳаммад Султонзода, Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон озод кардани Шодиён Муҳаммад Султонзода, Дар бораи аз ҳайати Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Шодиён Муҳаммад Султонзода баррасӣ гардида, роҷеъ ба масъалаҳои номбурда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Шамсулло, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддинзода Азизбек ва узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Ҳакимзода Ҳомидҷон муаррифӣ намуданд.