11.12.25 Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш, инчунин, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо, муовинони раиси Маҷлиси намояндагон, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қонунгузор" дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст. Саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки мақом ва ҷойгоҳи ҲХДТ дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон бузург мебошад.
Қайд гардид, ки ҲХДТ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.
Неъматзода Маликшо - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳакимзода Шарифҷон-раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, Аҳмадзода Дилноза - муовини раиси Фраксия, Шамшерзода Комилҷон - узви Фраксия, Нуруллозода Занҷирамо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қонунгузор" бо маърузаву гузоришҳо дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки аъзои Фраксия дар ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизбӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон фаъол бошанд.
Барои саҳми босазо дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.