Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи кории Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи «Масоили рушди соҳаи иттилоот ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» баргузор гардид, ки дар он Вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин, воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода зикр кард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани гуногунандеширо таъмин менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро барои дастрасӣ ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи ахбор кафолат додааст. Дар самти таъмини қонуният ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соҳаи иттилоот нақши мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург мебошад.
То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудааст. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Асадулло, муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Аминзода ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Акобирова Шаҳло дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳо баромад намуданд.
Доир ба натиҷаҳои мизи мудаввар тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.