Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар ҳамоиши занони соҳибкор бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ва муаррифии барномаи инкубатсионии “Ҷоми занон (Women Cup)” иштирок ва баромад намуд.
Муинӣ Мавсума қайд намуд, ки рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад. Барои дастгирии занон барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ин санадҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон заминаҳои воқеии бунёдиву ҳуқуқӣ гузоштанд.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2025 маблағи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд ва соли равон лоиҳаҳои 200 зани соҳибкор дастгирӣ ёфт.
Бо мақсади мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон ва ба ин васила зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳибкории занон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №545 “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” қабул гардид ва имрӯз он босамар татбиқ шуда истодааст, - афзуд М.Муинӣ.
Бо мақсади дастгирии занон ва соҳаи ҳунармандӣ имрӯз дар кишвар Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст ва дар асоси он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024, №73 “Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024 -2026” таъсис ёфтааст ва тибқи қарори мазкур, аз соли 2024 то соли 2026-ум 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Фаъолияти занони соҳибкор бозгӯи он аст, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳунару касбомузӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.
Занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, парвариши чорво, парранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ дорои малакаи баланди корофаринӣ мебошанд.
Айни замон дар кишварамон ҳудуди 80 ҳазор нафар занон дар соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд. Роҳбарии 50 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунандаро бонувони фаъоли мамлакат ба зима доранд ва ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои пешин бамаротиб зиёд мебошад.
Дар чорабинии идонавӣ баробари меҳмонон ҳамчунин занони соҳибкору ҳунарманд, ки иштирокчии лоиҳаи инкубатсионии “Ҷоми занон (Women Cup)” мебошанд, бо ифтихори миллӣ аз дастоварду муваффақиятҳои худ ибрози назар карда, бархе аз онҳо лоиҳа ва маҳсули кори худро ба маърази иштирокдорони ҳамоиш гузоштанд.