Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки Туркия дар қатори аввалинҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф намуда, робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Имрӯзҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия бо иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган бомаром идома ёфта, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро мегиранд.
Дар натиҷаи саъю талошҳои муштарак то имрӯз бо мақсади такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар зиёда аз 80 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг, иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои муҳимро фаро мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки мавқеи Тоҷикистон ва Туркия нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ ҳамсон ва ба ҳам наздик буда, кишварҳои мо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ ва дигар сохторҳову иттиҳодияҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн, робитаҳои шарикии босамар доранд.
Яке аз самти калидии ҳамкориҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагон, робитаҳои байнипарламентӣ бо мақомоти қонунгузори кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия, мебошад. Рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия дар фаъолияти байналмилалии парламенти Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.
Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии даъвати нави Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия таъсис дода шуда, айни ҳол муколамаҳо идома доранд.
Маҷлиси намояндагон дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаи бой дорад. Мо бар он назарем, ки муколамаи сиёсӣ, табодули таҷриба, сафарҳои мунтазами намояндагони воломақоми парламент, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва монанди он баррасӣ мешаванд, муҳим арзёбӣ мегарданд.
Мо омодагии худро барои тақвият додани ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар доираи санадҳои ҳамкории ду кишвар иброз менамоем. Ҳамзамон, хоҳони ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда байни Кумитаҳо ва фраксияҳои сиёсии Парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мебошем, -иброз намуд Ф. Идизода.