Имрӯз бо иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ муҳокимаи парламентӣ дар асоси нақшаи кории Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон доир ба рафти иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.
Дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидзода Исфандиёр, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шуҳрат, намояндаҳо аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати илм ва иноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати назорати давлатии илм, иноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор Донишгоҳу Донишкадаҳо иштирок намуданд.
М. Муинӣ изҳор кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва инчунин рушди фанҳои дақиқ, фароҳамоварии шароити зарурӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар таъкид менамоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин давра силсилаи стратегия ва барномаву консепсияҳои миллӣ ҷиҳати рушд ва ислоҳоти соҳаҳои илму маориф қабул шудаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омӯзгорон ва ҷалбу рушди истеъдодҳои ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.
Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд ва ҳамасола таҳти сарпарастии Пешвои миллат озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” доир карда мешавад.
Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 30 апрели соли 2021, №170 “Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” идомаи татбиқи ҳадафҳои Роҳбари давлат ба шумор меравад.
Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муҳаммад Шодиён, узви ҳамин Кумита Наҷмиддиниён Асадулло, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шуҳрат дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳо баромад намуданд.
Дар интиҳо аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.