Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар толори маҷлисҳои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун - Пайравони Пешвои миллат оид ба фаъолияти Парламент, рушд ва низоми қонунгузорӣ, саҳми Пешвои муаззами миллат дар рушди парламентаризми Тоҷикистон дарси навбатии Маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-ро бо мақсади омӯзиши мактаби давлатдорӣ ва баҳравар гардидани ҷавонон аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир намуд.
Дар маҳфил муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин, сардор ва кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои ноҳиявии он, донишҷӯёни фаъол - Пайравони Пешвои миллат аз ҳамаи донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда, дар маҷмуъ қариб 100 нафар ҷавонон, иштирок намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода ба ҷавонон доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои кишвари азизамон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷонибдорӣ гардидани ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуд.
Зикр шуд, ки асосгузори парламентаризми навини тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои азизу муътабари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори парламентаризми муосири тоҷик гузошта шуда, пайваста рушд менамояд.
Ф. Идизода, ҳамчунин, дар бораи ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, занону духтарон ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои таҳсилу фаъолият ба онҳо маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои азизу муътабари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу миллати хеш баҳри ободии Тоҷикистони азиз софдилона ва содиқона меҳнат намоянд.
Баъд аз анҷоми суҳбат ҷавонон аз толорҳои барҳавои Парламент, дафтарҳои кории вакилон ва кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд.