Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Файзалӣ Идизода зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил аст.
Бо ташаббуси шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишони соҳибихтиёрӣ ва ягонагӣ дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ яке аз иқдомҳои бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.
Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шудан, дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ фаъолияти худро аз бӯсидани Парчами давлатӣ шуруъ намуданд. Зеро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муътакид бар он буданд, ки Парчами давлатӣ баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр аст ва рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад.
Воқеан, бо ин амали хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар муҳаббати ҳақиқӣ ва эҳтироми амиқ ба Парчами давлатии Тоҷикистонро талқин намуданд.
Дар марҳилаи нави таърихии давлатдории мо, дар замони истиқлоли давлатӣ қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд мешаванд, ки ин ба бедории ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Тули таърих давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.
Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини меъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Парчами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода, Раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Илҳом Камолзода, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зарафо Қиёмзода ва мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён ва Фазлиддин Икроми Муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир ба моҳият ва аҳаммиятиПарчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин маъруза ва баромад намуданд.