Гиёзода Азиз - Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байнипарлумонӣ таҳти унвони «Сулҳ, амният ва рушд» дар шаҳри Исломобод бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.
Ҷонибҳо масоили марбут ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд.
Ҳадафи аз баргузории Конфронси мазкур нақши дипломатияи парлумонӣ дар мусоидат ба муколама барои дарёфти сулҳ ва волоияти қонун, амалӣ намудани уҳдадорҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, тағйирёбии иқлим, инчунин, мубориза бо терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ ва тақвияти ҳамбастагии минтақавӣ мебошад.
Зимни суханронӣ Гиёзода Азиз ҳамкории мутақобила ва амалҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалиро барои пойдории сулҳ, субот ва муколамаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи махсуси СММ дар бораи эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҷалб намуд.