30–31 октябри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия анҷумани байналмилалии илмӣ-маърифатии давлатҳои иштирокдори ИДМ бо номи «Рамзи зеҳнии Ҳамдӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муҳаммад Шодиён иштирок ва суханронӣ намуд. Дар кори анҷуман, инчунин, намояндагони мақомоти қонунгузор ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин воситаҳои ахбори омма низ иштирок намуданд.
Мавзуи марказии анҷуман ба масъалаҳои рушди илму маориф дар фазои кишварҳои Ҳамдӯстӣ, интиқоли технологияҳои нав ва рақамисозии соҳа бахшида шудааст. Ҳадафи асосии анҷуман замина гузоштан барои пешрафти технологӣ , ки дар он унсури асосӣ («рамзи дастрасӣ») ҳамкорӣ ва рушди муштарак мебошад.
Барномаи анҷуман ҷаласаҳои умумӣ, вохӯриҳои коршиносон ва муҳокимаҳо, намоишгоҳҳо, лоиҳаҳои таълимӣ ва илмӣ, устохонаҳо ва тренингҳоро дар бар мегирад. Инчунин, Барномаи фарогир таҳия шудааст, ки самтҳои калидии илму маорифро дар фазои Ҳамдӯстӣ муттаҳид месозад.