29.10.25 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуд. Файзалӣ Идизода қайд намуд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон на танҳо тантана, балки рамзи устуворӣ, хирадмандӣ ва пешрафти мардуми Озарбойҷон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия — ин пояи асосии рушди ҳар як давлат, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин заминаи сулҳ ва субот аст.
Мо бо эҳсоси хос таъкид мекунем, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон имрӯз намунаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории созанда мебошанд. Кишварҳои мо робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ доранд, ки онҳоро арзишҳои муштарак ва суннатҳои дӯстона муттаҳид месозанд.
Иҷозат диҳед саҳми арзандаи роҳбарони давлатҳоямон — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғли Алиев ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба таъкид намоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2024 бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон ташриф оварданд, инчунин моҳи ноябри 2023 ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок намуданд. Ин сафарҳо нуқтаҳои муҳим дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон буда, дар натиҷа “Эъломияи шарикии стратегӣ” байни ду кишвар ба имзо расид.
Дар навбати худ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев моҳи октябри соли ҷорӣ дар Иҷлосияи сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳузури роҳбари давлати Озарбойҷон дар ин ҳамоиш боз як далели сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои мо дар арсаи бисёрҷонибаи байналмилалӣ мебошад.
30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯйдоди муҳиммест, ки рушди минбаъдаи кишварро ҳамчун як давлати воҳид, соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ муайян менамояд.
Эҳтиром ва баробарҳуқуқӣ, дӯстӣ байни тамоми халқҳо аз меъёрҳои асосии сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб меёбанд. Конститутсия ҳамчун санади асосии сиёсӣ-ҳуқуқии кишвар, ҳама арзишҳои муҳим ва пешрафтаро дар худ таҷассум намуда, истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва эътибори байналмилалии Озарбойҷонро таҳким мебахшад. Дар он заминаҳои устувори рушди пайваста, ваҳдати миллӣ ва суботи дохилӣ гузошта шудаанд, ки ба пешрафти босуботи кишвар дар шароити нави таърихӣ мусоидат менамоянд. Маҳз Конститутсия пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа, кафили суботи дохилӣ ва тамомияти миллӣ мебошад. Дар вазъияти ноустувори ҷаҳон ҳифзи субот ва манфиатҳои миллӣ танҳо бо роҳи ҳамбастагии ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва такя ба арзишҳои конститутсионӣ имконпазир аст. Тавассути эҳтиром ба Конститутсия садоқати ҷомеа ба ормонҳои озодӣ, адолат, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон таҷассум меёбад, - гуфт дар фарҷом Ф. Идизода.
Ба пояи муҷассамаи қаҳрамонҳои миллии Озарбойчон маросими гулчанбаргузорӣ анҷон дода шуд,