Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон (соли 1992) муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озорбойҷон бо маром рушду таҳким ёфта, тайи ин муддат аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфтаанд.
Боиси хушнудист, ки робитаҳои байни кишварҳоямон бар пояи беш аз 94 созишномаи байналмилалӣ дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ асос ёфтаанд, ки аз самаранокии кӯшишҳои дипломатии ҷонибҳо дарак медиҳанд.
Дастовардҳои бузургу беназире, ки дар муносибатҳои мо ба даст омадаанд, - изҳор намуд Файзалӣ Идизода,- самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу Алиев мебошанд.
Дар ин замина бояд нақш ва аҳаммияти ҳуҷҷатҳои асосиро, аз ҷумла Эъломияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 майи соли 2024 имзо гардида, ба рушди муносибатҳои кишварҳоямон дар дурнамои дарозмуддат такони иловагӣ мебахшад, зикр намуд.
Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки шарикии кишварҳоямонро тақвият бахшад ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба саҳмгузор бошад. Мо ҷонибдори густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳастем. Дар робита ба ин, лозим мешуморем, ки аз мавқеи ягона дар масъалаҳои боло бурдани самаранокии ҳамкориҳоямон дар доираи СММ, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, САҲА, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амал намоем.
Вакилони парламентҳои кишварҳои мо метавонанд саҳми арзандаи худро дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳо гузоранд.
Маҷлиси намояндагон парламенти доимоамалкунандаи касбӣ аст, ки дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Аз ин рӯ, ба назари мо,- гуфт Ф. Идизода, - табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои пешрафти фаъолият дар ҳамаи соҳаҳо метавонад мусоидат намояд.