Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония 2 феврали соли 1992 барқарор шуда, тайи ин солҳо таҳким ёфта, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хуб, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.
Барои мо — вакилони парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Япония аҳаммияти бузург дорад. Муваффақиятҳое, ки дар муносибатҳои дуҷониба ба даст омадаанд дар натиҷаи муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Сарони кишварҳоямон имконпазир шудаанд, - гуфт Файзалӣ Идизода.
Мо ба Ҳукумати Япония барои кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ, ки хусусан тавассути лоиҳаҳои Оҷонсии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Ҷайка – JICA) амалӣ мешаванд, изҳори сипос менамоем.
Мехоҳам саҳми Японияро дар татбиқи муваффақонаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 таъкид намоям, ки он бо Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ шудааст.
Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Японияро беш аз 70 созишномаи дуҷонибаи байналмилалӣ дарбар мегирад, ки аз самаранокии дипломатии ҷонибҳо дарак медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи Япония дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки кишвари мо узви онҳо мебошад, доимо пуштибонӣ менамояд.
Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Япония" майдони муҳимми ҳамкорӣ шуморида шуда, дар ин замина пешниҳод гардид, ки вохӯриҳои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ин формат баргузор карда шаванд.
Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш хоҳад кард, ки муносибатҳои кишварҳоямон дар асоси механизмҳои байналмилалии ҳамкорӣ, бахусус дар доираи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарламентӣ, инчунин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парламентҳои Тоҷикистону Япония таҳким ёбад.