Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ хонум доктор Ҳала бинт Мазид Ал-Тувайҷирӣ мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Робитаҳои қавии кишварҳоямон, бешубҳа, аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, шоҳи Арабистони Саудӣ, маншаъ мегиранд.
Муносибати миёни ду кишвари бародар бомаром дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн рушд ёфта истодаанд. Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс, бахусус Подшоҳии Арабистони Саудӣ, бартарӣ дода мешавад.
Мо натанҳо ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳаммияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, балки ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар масири ҳуқуқи инсон низ бо Арабистони Саудӣ манфиатдор буда, дар ин ҷода саъй менамоем, - изҳор намуд Файзалӣ Идизода.
Маҷлиси намояндагон парламенти касбӣ мебошад ва дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон, таҷрибаи зиёд дорад. Дар ин робита Маҷлиси намояндагон бо ҳамаи ниҳодҳои давлатии марбут ба ҳуқуқи инсон, бахусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамкориро ҳамаҷониба ба роҳ мондааст.
Падидаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми махсус оид ба ҳимоя, мусоидат ва инкишофи ҳуқуқи инсон мебошад, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ соли 2008 таъсис ёфтааст.
Сарвари давлати мо ҳанӯз соли 2007 дар Паёми солонаи худ таъкид карда буданд, ки «бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон чунин мешуморам, ки дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст».
Таъсиси мақоми махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъмини асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он дар Тоҷикистон, ки дар ташаккули он Маҷлиси намояндагон иштирок меварзад, баёнгари таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии давлат ва мардуми мо ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Зеро ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир мебошанд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро баробари эътироф риоя ва ҳифз менамояд.
Итминон дорем, ки дар самти ҳуқуқи инсон метавонем аз механизмҳои универсалии ҳамоҳангсозии ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои дипломатияи парламентӣ зимни фаъолияти Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Иттиҳоди Парламентии Созмони Конфронси Исломӣ, Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Шурои парламентии ба қарибӣ таъсисёфтаи Осиё ва Африқо пурсамар истифода намоем.
Барои мо - вакилони парламент, ки ба эҷоди қонун машғулем, афзалиятҳо муайян гардидаанд. Аз ҷумла, дар самти қабули қонунҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон, кӯдакон, дигар гурӯҳҳои осебпазир, кафолатҳои ҳуқуқ ба таҳсил, мубориза бар зидди ҳама гуна табъиз ва монанди инҳо. Мо дар ин самт аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем.
Яке аз самтҳое, ки қобили таваҷҷуҳи мо мебошад, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа аст. Дар ин замина мо ба фаъолияти Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Арабистони Саудӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои муҳоҷирон умед дорем.
Тавре маълум аст, аз моҳи феврали соли 2025 раванди муҳоҷирати шаҳрвандони мо ба Арабистони Саудӣ тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа»-и
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Ба ҳамин монанд, ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Каъба мераванд ва ҷузъи таркибии сафари онҳо натанҳо таъмини шароит барои зиёрат, балки таъмини ҳуқуқҳои онҳо низ мебошад. Дар ин самт, ба андешаи мо, ду ниҳоди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонанд ҳамкории густурда дошта бошанд.