16-17 октябри соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Ҳомидҷон Ҳакимзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба назорати буҷет, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашт. Дар ҳошияи ин ҷаласа гуфтушунидҳои муҳим баргузор гаштанд. Танҳо аз рӯи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳам иқтисодиёту ҳам иҷтимоиёт ва ҳам соҳаи гуманитариву маорифро дар бар мегиранд.
Парламентҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои таҳкими муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд, - изҳор дошт Ҳомидҷон Ҳакимзода.