16.10.25. Имрӯз дар асоси нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии махаллӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Вазорати молия, Кумитаи рушди маҳалли назди Призденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимон, ҳуқуқшиносон ва масъулони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияи Рудакӣ иштирок намуданд.
Мақсади баргузории чорабинӣ баррасии афзалият ва мушкилот дар рушди қонунгузории марбут ба шаҳрак ва деҳот, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ барои худидоракунии маҳаллӣ, ба роҳ мондани механизмҳои муассири ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди устувори фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки бо татбиқи сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идоракунии маҳаллӣ ба дастовардҳои назарас ноил гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки солҳои охир такмил ёфтааст, шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми маҳаллӣ фароҳам меорад.
Иштирокчиёни чорабинӣ як қатор таклифҳо ва тавсияҳо пешниҳод намуданд, ки метавонанд дар рушди минбаъдаи қонунгузорӣ, таҳияи барномаҳои минбаъдаи давлат дар самти идораи маҳаллӣ нақши муҳим бозанд.