Тавре хабар дода будем аз 8 то 10 октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷаласаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо Қарори Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷавҳарӣ Муҷибахон - Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардид.
Ҳамчунин, дар ҷаласаҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.