Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии (онлайни)-и роҳбарони парламентҳои кишварҳо - аъзои гурӯҳи дӯстони бетараф барои сулҳ, амният ва рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки шомил шудани кишвари мо, моҳи сентябри соли 2025, дар қатори 26 давлати дигар ба ин гурӯҳ, бахусус дар остонаи соли байналмилалии сулҳу боварӣ, ки дар Туркманистон эълон шудааст, рӯйдоди муҳим буда, дар равобити бисёрҷонибаи кишварҳоямон нақши мусбат хоҳад дошт.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, пайгирӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки бо ҳамаи кишварҳои олам сиёсати сулҳҷӯёна ва беғаразона пеш барад.
Тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо ҳамеша омодааст, ки муносибатҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои мутақобилан муфид, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо тамоми давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, тақвият бахшад.
Дар ин замина, бояд ба аҳаммияти рушди муносибатҳо ва пайравӣ ба арзишҳои таърихан шаклгирифта ва умумибашарии бетарафӣ таъкид кард, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон бисёр зарур ва муҳим гардидааст.
Ҷангу низоъҳои глобалӣ — аз муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ то тағйирёбии иқлим ва нооромиҳои иҷтимоӣ — аз ҳар яки мо тақозо мекунанд, ки кӯшишҳоямонро муттаҳид созем, робитаҳоро мустаҳкамтар намоем, эътимодро таҳким бахшем ва принсипҳои ҳамзистии осоиштаро пеш барем.
Бетарафӣ дар ҷаҳони муосир бо таърихи беш аз сесаду ҳафтодсола на танҳо худдорӣ аз иштирок дар равандҳои муайян мебошад, балки воситаи ба расмият шинохташудаи таҳкими сулҳ, рушди устувор ва таъмини амният аст. Бетарафӣ ҳамчун як ниҳоди классикии ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамеша нақши калидӣ дар таъмини сулҳи глобалӣ, амният ва рушди устувор бозидааст, махсусан дар шароити ноустувории геополитикӣ.
Ҷомеаи байналмилалӣ, дар асоси банди 4-уми моддаи 2-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он истифода ё таҳдиди истифодаи неруи зӯроварӣ бар зидди якпорчагии ҳудудӣ ё истиқлолияти сиёсӣ манъ шудааст, бетарафиро ҳамчун пояи таъмини сулҳ, амният ва эҳтиром ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона эътироф кардааст. Аз ҳамин ҷост, ки мо — иштирокчиёни Гурӯҳ, ҳамчун намояндагони халқҳои худ, вазифадорем сиёсати сулҳомез, дипломатияи парламентиро чунон пешниҳод намоем, ки ба коҳиши танишҳо, рушди ҷомеаҳои фарогир ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд.
Мо бар он ақидаем, ки дар таъмини сулҳ ва рушди устувор, бетарафӣ — новобаста аз шакли зуҳури он (ихтиёрӣ, маҷбурӣ, доимӣ ё муваққатӣ) — на танҳо як мақоми ҳуқуқии байналмилалист, балки ҳамчун як меъёри ахлоқӣ барои муколамаи созанда байни кишварҳо ва ҳаллу фасли осоиштаи ихтилофҳо хизмат мекунад.
Дар ин замина, Гурӯҳи дӯстони бетараф метавонад дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ, муҳите, ки дар он дипломатия, махсусан дипломатияи парламентӣ, эҳтиром ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва тафоҳуми мутақобила ба унвони механизмҳои таъсири воқеӣ баромад мекунанд, нақши калидӣ бозад.
Мо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта ташаббуси Туркманистонро таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъсиси ин платформа хуш пазируфта, дар фаъолияти минбаъда онро пурра ҷонибдорӣ менамоем.
Дар ин самт, мо пешниҳод менамоем, ки имконияти таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ, баргузор намудани мулоқотҳои сатҳи баланд, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ дар миёни ҷавонон равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Илова бар ин, мо омодаем, ки дар рушди муколама байни парламентҳои кишварҳои иштирокчии Гурӯҳ доир ба масъалаҳои рушди устувор ва амнияти иқлимӣ саҳмгузор бошем.
Итминони комил дорем, ки ҳамкориҳои муштараки мо дар доираи Гурӯҳи дӯстони бетараф барои сулҳ, амният ва рушди устувор дар оянда заминаи боэътимоди сулҳи устувор барои тамоми халқҳо хоҳад шуд.